БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар маҳал ба рушди хоҷагидорӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд

КУШОНИЁН. Дар деҳаи Сироҷиддин Фаттоеви ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони  масъули Кумитаи иҷроия вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шуд.

Зимнан Мунаввара Сатторова дар назди сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда,  афзуд, ки иқдоми навбатии ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро, ки солҳои тӯлонӣ аз байн рафта буданд, аз худ намуда, бо шаклу услуби замонавӣ эҳё кунанд ва ба ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Занони ҳунарманди деҳа чанд намуди хӯрокҳои миллиро нишон доданд, ки сифати олӣ доштанд.

Инчунин,  Мунаввара Сатторова дар баробари шиносоӣ аз намоишгоҳ ба ташкилкунандагони чорабинии фарҳангӣ изҳори миннатдорӣ баён карда, беҳтарин ҳунармандони маҳалро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбии “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Армуғони хатлонӣ” ва “Маликаи Хатлон”, ки дар чорабинии мазкур беҳтаринҳо ҷамъ омада буданд, даъват намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg