КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардид, ки дар он мувоини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳизб Файзуллоев Алишер ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Фирӯзи Саидмӯъмин иброз дошт, ки агар ба рӯзгори кунунии мардуми тоҷик назар намоем, бо дидани ҳунарҳои зебо огаҳ мешавем, ки бештари онҳо аз замонҳои қадим то рӯзгори мо омада расидаанд. Бояд гуфт, ки ҳунару ҳунармандӣ, ашёву маҳсулоти косибӣ муаррифкунандаи таърихи куҳани ҳар як миллату халқият мебошанд. Соли равон бо мақсади эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои миллии тоҷикие, ки давоми чанд соли охир баъзеи онҳо қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва ҳамзамон шиносоии меҳмонону сайёҳони дуру наздик бо мавзеъҳои зебонманзари таърихиву фарҳангии кишварамон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ин имкон дод, ҳунарҳои миллии ниёгон аз нав эҳё гардида, ба ин восита дар замири ҳар як шаҳрванд ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ баланд бардошта шавад.
Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.