БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сатҳи маънавиёти шаҳрвандон дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ хеле боло рафтааст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Кайҳонии ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок дошта,  оид ба эҳё намудани  ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба касбу ҳунарҳо, тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандӯстиву худогоҳӣ,  риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

Инчунин, озмунҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ» ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб даргоҳи маърифат» то ин дам идома дошта,  ба ҳафт нафар мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg