БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-эҳёгари анъанаҳои неки ниёгон

ҚУБОДИЁН. Эҳёи анъанаҳои неки миллӣ ба ҳамзистиву ҳамсоядорӣ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, бартараф намудани нофаҳмиҳо ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, пешгирии насли наврас ва ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои ношоиставу шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ирфотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.

Бо ин мақсад дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизби ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Ёбузи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин ва доираи васеъи занони хонашин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар он занони ҳунарманди деҳаи Ёбуз ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои сӯзанидӯзиро ба маърази тамошо гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ин намуди ҳунарҳои миллӣ андешаҳои  худро баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg