БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксия ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар амал

КӮЛОБ. Бешубҳа, ободию сарсабзӣ ва рушду шукуфоии кишвар самари неки даврони истиқлолият ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Имрӯз иморатҳои гуногуни зебою боҳашамат қомат афрохта истодаанд, ки ин дастовардҳои зиёду чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзиширо дар идомаи 27 соли соҳибистиқлолӣ муваффақ шудем.

Бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" бо ибтикори узви  фаъоли ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, соҳибкор - Одинаев Масидиқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кӯлоб фермаи паррандапарварӣ бо тарзи муосир сохта ба истифода дода мешавад, ки дар ин самт корҳо бомаром идома дошта, дар натиҷа метавонад ба 60 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам орад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg