БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби замонавӣ дар маҳал рушд карда истодаанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаҳои У.Хайём, Б. Ғафуров, Шарипов, Фирдавсӣ, С.Шерозӣ, ва А. Навоии ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории ин чорабинӣ сокинони маҳалла намунаи ҳунарҳои мардумиро, аз қабилӣ зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чодарҳои чакан, куртаҳои чакан дар нақшу нигорҳои замонавӣ, қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Гӯшаи дигари намоишгоҳро намунаи анвои шириниву нонӣ, хӯрокҳои миллӣ ором медод, ки ба ҳусни намоишгоҳ ҳусни  дбигар зам карда буданд.

Дар чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ кард.

Дар охир иштирокдорон аз эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳушҳол буда, миннатдории худро барои иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg