БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ – кафили пойдории давлат аст!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Боқӣ Раҳимзодаи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ-кафили пойдории давлат аст!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода ва сокинони фарҳангдӯсту заҳматкаши маҳаллаи болозикр дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур чанд навъ ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хосси мардуми тамаддунофари тоҷик аз ҷониби истиқоматкунандагон ба намоиш гузошта шуд, ки ҷавонону фаъолони маҳал аз тамошои онҳо ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дар рафти чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидзода аҳолии маҳалро барои ташкили чорабинӣ минатдории Кумитаи иҷроияи ноҳияро расонида, оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуд.

Масъулин  дар суханронии хеш иброз доштанд, ки дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун чунин чорабиниҳо дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ноҳия баргузор гашта истодаанд. ҳунармадони ноҳияи Ҷайҳун дар давоми моҳи июл ва августӣ соли ҷорӣ дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонистанд ҳунари волои худро ба намоиш гузошта, аз рӯйи онҳо акс бардоранд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg