БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон нангу номуси ватандорӣ дошта бошем!

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали  тасдиқгардида  дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Истиқлол”-и ноҳия  хониши  сиёсӣ  оид ба огоҳонидани  сокинон аз  паёмадҳои  хатарноки  фаъолияти  ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ  ва  фаъол  гардонидани  онҳо   дар  роҳи  мубориза  бо  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ   баргузор  гардид.

Хониши  сиёсиро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, кайд  намуд, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ҳамаи  мо  вазифадорем, ки  пеш аз  ҳама  худамон  нангу номуси  ватандорӣ дошта бошем, мардуми  кишварро  ба  ободу пешрафта гардонидани сарзамини  аҷдодӣ  ҳидоят кунем, пеши  роҳи  бегонапарастӣ ва хиёнатро ба  манфиатҳои  миллат ва давлати Тоҷикистон  гирем, воло  будани  манфиатҳои  миллӣ ва  давлатиро пайваста  эҳсос  карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва  ватандӯсту ватанпарвар  бошем”. Вале  сад  афсӯс, ки баъзе  аз  ҷавонони  гумроҳи  тоҷик фирефтаи  ваъдаҳои  даҳшатовари намояндагони  ифротии  динӣ  шуда, фирефтаи  маблағи ночизу  ҳаром  гашта, ба  ташкилотҳои  террористӣ  шомил  шуда, пушаймон мешаванду мебинанд, ки  аллакай  дер  шудааст.

Дар охир Сураё Алиева ба  саволу  дархостҳои  сокинон ҷавобҳои  саҳеҳ гардонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg