БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳушёрии сиёсӣ касро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад!

ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи дар ташкилоти ибтидоии «Маҳваш» хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Нахуст мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ш.Набиев баромад намуд.

Аз баромад аҳли нишаст дар бораи вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар бораи хатари  ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм,  гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, амалҳои коррупсионӣ, майл ба урфу одат ва фарҳанги бегона, бемориҳои сироятӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир маълумот пайдо намуданд.

Ш.Набиев аз байн бурдани ҳамаи амал ва камбудиҳои зараровари дар болозикргардидаро ба тарбияи дурусти ахлоқӣ, бедор намудани ҳисси худшиносӣ,  хештаншиносӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон вобаста дониста, иштирокдоронро ба он водор намуд, ки ба таълиму тарбия ва касбинтихобкунии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳваш» Паригул Тӯраева, муррабияҳо Фарзонаи Давлатхӯҷа, Алишер Усмонов дар баромадашон иҷрои самтҳои мазкурро вазифаи худ дониста, қайд намуданд, ки татбиқи босифати онҳо касро ба роҳи рост, ба роҳи мақсуд ҳидоят карда, аз ҳама гуна хатар эмин нигоҳ медорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg