БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар даврони Истиқлолият вазифаи мост!

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Сафар Гадоеви ҷамоати деҳоти Панҷрӯд чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ш. Раҳимов ва дигар шахсони даъватӣ гузаронида шуд. Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии  ҳунармандони деҳа дидан намуданд.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода кушода,  дар бораи сиёсати хирадмандона ва ташуббусҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Дар чорабинӣ мӯйсафеди навадсола аз деҳаи С.Гадоӣ, ки бо ҳунари волои худ аз пашм ҳар гуна ашё омода мекард,  дар ҳаққи Пешвои миллат даст ба дуо бардошта,  ба Пешвои миллат умри дароз, тани сиҳат ва дар татбиқи сиёсати сулҳпарваронааш бурдбориҳо таманно кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода фаъолонро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат ва саҳми арзанда гузоштан дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сарфроз гардонид.

Дар охир ҷамъомад ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири ҳозиринро бо сурудҳои дилчаспу гуворои худ шод карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg