БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал

ТЕМУРМАЛИК.Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар деҳаи Меҳнатободи  ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Дар рафти он масъулин оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карданд.  

Дар қсмтаи фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони деҳаи Меҳнатобод, дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулотҳои кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд, ки иштирокдорон аз ин намоишгоҳ дидан карда,  беҳтарин ҳунармандони чирадасту номдори деҳаро ба озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg