БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бузургтарин арзише, ки волидайн ба фарзанд медиҳад-ин таълиму тарбияи хуб аст!

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Фархор вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар иштирок дошта,  оид ба пурзӯр намудани маъсулияти падару модар ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва илмомӯзӣ тарбия кардани насли ҷавон, боло бурдани сатҳи маърифати сокинон дар масъалаи сарфакорию сариштакорӣ ва роҳ надодан ба хароҷотҳои зиёдатӣ ҳангоми маросимҳои тӯю азодорӣ ибрози андеша намуд.

Номбурда моҳияти мавзӯъҳои болозикрро ба сокинон бо таҳлилу мисолҳои амиқ фаҳмонида, қайд намуд, ки роҳе, ки ояндаи дурахшони миллати тоҷикро месозад ин илм аст. Илм дар ҷое рушд мекунад, ки ба он арзиш қоиланд, пас моро месазад илмро ҳамчун арзиш пазируфта, фарзандонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем.

Дар охир сокинон ба масъулин изҳори минатдорӣ намуда, қайд карданд, ки воқеъан ҳам баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо мафкураи хоболудаи сокинонро мисли зангӯлае бедор месозад, бошад, ки чунин суҳбатҳо пайваста баргузор гардаду мо сокинон ба худ ғизои маънавие бигирем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg