КУШОНИЁН. Дар деҳаи Зарафшони ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунавара ва дигар шахсони даъватӣ вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Зимнан Мунаввара Сатторова доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тару тозаи ватанӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарбияи насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои сайёҳӣ, ки аслан Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон азиз дорои мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад, андешаронӣ карда, афзуд, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз нав эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Инчунин, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки занону бонувони хушзавқи деҳа ба намоиш гузошта буданд, дидан карда, Мунаввара Сатторова ҳунармандони беҳтаринро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин” даъват намуд.