ВОКУНИШ. Хабаргузории тафриқаандози охундҳои эронӣ бо номи «Тасним» доир ба фаъолияти ташкилоти навтаъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон» бо Алим Шерзамонон – нафаре, ки дар гузашта ба ҳизби сотсиал-демократ хиёнат карда худро дар оғуши наҳзатиҳо андохта муовини ин паймони музҳик ҳам шуд, суҳбат кардааст. Алим Шерзамонов дар ин суҳбаташ иқрор кардааст, ки ҷомеа таъсиси чунин паймонро ҷидди нагирифтааст (зеро ҳама медонад, ки ин ба қавле як “спектакл” барои дарёфти имиҷи арзон буд). Баъдан барои баромадан аз вазъият иброз медорад, ки «мо аз ибтидо ба ин бардхӯрдҳо омода будем». Ба ақидаи ӯ гӯё эътилоф дар як рӯз шакл нагирифта, бо такя ба муҳоҷирону «фаъолони тоҷик» дар давоми ду соли охир онро созмон додаанд. Ин сафсатаҳоро гуфта ҳутто сурх нашуд. Зеро созмони ташкилкардаашон иборат аз 4 наҳзатие буд, ки ҷамъ шуданду ба дили худ “коре” карданд. Ин «мунақид» дар баён бори дигар барои хоста гардонидани ғаразҳои сиёсию шахсӣ аз истифодаи муғризонаи мардуми муҳоҷир рӯ наметобад. Рӯйи рост муҳоҷироне, ки барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ба доми маккоронаи худ кашидан мехоҳад. Намедонад, ки муҳоҷирон ҳам фарзандони Тоҷикистонанд ва аз наҳзатиҳои фитнагар безоранд.
Шуруъ кардани фаъолияти ба ном «сиёсӣ»-и Алим Шерзамонов дуруст аст, ки дар дохили давлатҳои муштаракулманофеъ чуноне ки худи ӯ ном мебарад, ғайри имкон аст. Зеро давлатҳои пасошуравӣ чеҳраҳои манфури уву ҳаводорони хиёнаткорашро медонанду мешиносанд ва ҳамчун муассиси ташкилоти иртиҷоӣ дар пойгарди қонунӣ қарор доранд.
Ҷойи дигар, Алим Шерзамонов нигаронӣ мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ ғасб шудааст. Вале ӯ боре андеша намекунад, ки ҳукумати мардумиро уву ҳамсафонаш бар муқобили иродаи мардум дар соли 2015 ғасб кардан мехостанд, аммо чуноне, ки дар урфият мегӯянд, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимият дар Тоҷикистон ба халқ марбут аст ва идораи он дар доираи шаклгирии қонунгузории амалкунанда бо назардошти талаботи қонуни асосӣ мавриди амал қарор мегирад.
Муаллиф бо ин таҳлилаш ҳисси нафрату бадбиниҳоро дар Тоҷикистон ягона роҳи ба қудрат расидан эътироф намуда, зери парда пинҳод будани худу пайравонашро ошкор месозад.
Аз сухансозиву таҳлилҳои Алим Шерзамонов чеҳраи паймони дуруғини “мухолифон” бо назардошти манфиатҳои кадом як тарафи манфиатдори хориҷӣ аз назарҳо пинҳон намемонад.
Назарзода Толибҷон Мирзомад-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин