БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои беномус ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон намерасанд

ВОКУНИШ. Ифротгароӣ ва терроризм, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ҳокимиятталош имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун як роҳи мубориза барои ҳокимият ва расидан ба мақсадҳои нопоки хеш истифода бурда мешавад чӣ гуна амал мебошад. Дар асоси нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”  ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Терроризм бошад, содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Аз нишондодҳои дар боло овардашуда нисбати ифродгароӣ ва терроризм маълум мегардад, ки ду роҳи мубориза, танҳо як мақсад доранд нобасомон гардонидани амнияти ҷамъиятӣ, тағйири сохти конститутсионӣ бартараф кардани рақиби сиёсӣ ва дар ҳолати тарси доимӣ нигоҳ доштани аҳолӣ мебошад.

Терроризм ҳамчун як зуҳуроти нангин имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ проблемаи муҳим гардидааст. Аз оқибатҳои фоҷиабори он дар чунин як даврони баланди тараққиёти илму технология ҳатто давлатҳои абарқудрат пурра баромада наметавонад, агар нисбати онҳо аҳли ҷомеа андаке бетарафӣ дошта бошад ва ё муборизаи бояду шояд набарад. Барои исботи ин ақида якчанд амалҳои мудҳиштаринро, ки дар чунин давлатҳои абарқудрат ба мисли Руссия, ИМА, Фарнсия, Германия ва Британияи Кабир тайи даҳсолаи охир амалӣ гардидаанд ёдовар мешавем, ки оқибати онҳо чӣ қадар одамони бегуноҳро ба марг оварда расонидааст.

Дар мо низ мутаассифона як гуруҳ наҳзатиҳои лаънатӣ зуҳур карданд, ки аз оғози ба даст овардани Истиқлолият корашон танҳо фитнаангезе ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ буд. Имрӯз чунин хоинон, ки барои давлату созмонҳои дурӯяи манфиатҷӯи хориҷӣ мисли каниз хизмат мекунанд, ба қавле луқмаи тайёр шуданд. Пас аз он ки ниятҳои ифлосашон ошкор шуду онҳоро аз Тоҷикистон ронданд, акнун корашон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фитна парокандан аст. Вале ҳеҷ гоҳ наҳзатиёни беномус ба мақсадҳои нопокашон намерасанд.

Шералиева Меҳринисо - узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg