БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон набояд фирефтаи гуруҳу доираҳои иртиҷоӣ шаванд

ВОКУНИШ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 72 – юми Маҷмаи умумии СММ иброз доштанд, ки “Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.”

Мубориза ба муқобили терроризм ва экстемизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад.

Роҳу воситаҳои он ба таври мушаххас ва муътамад дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020” инъикос ёфтааст.

Боиси нигаронист, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғин кашида мешаванд. Мутаасифона, миёни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Чӣ онҳоро водор мекунад, ки ба сафи ин ҷаллодону қотилон пайванданд? Танҳо қолаби мубориза барои тавсеаи ғояҳои дини мубини ислом, ки хоҷагони пасипардагӣ ин муборизаро ҳамин тавр маънидод мекунанд.

Моро, ки аз ҷумлаи 9–миллион сокинони Тоҷикистон ҳастем, ин ҳама ваҳшонияту ҷаҳолат ба даҳшат оварда, бори дигар водор месозад, ки зираку ҳушёр бошем. Имрӯз ҳар яки мо ба гирду атрофи худ нигариста муқоиса менамоем, ки зодгоҳи ҳар яки мо 20 сол пеш чӣ гуна буду ҳоло чӣ симое ба бар намудааст. Ободиҳое, ки тули ин солҳо дар кишварамон ба амал омадаанд, беназиранд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳайёст. Бояд хонд, ҳунар омӯхт ва аз пайи кор шуд, оилаи ободу зебое барпо кард. Меҳнате, ки ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи оилаи худамон низ ҳаст. Зеро асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад. Афсӯс мехӯрам аз он ҷавонони фиребхӯрдаи ки нерӯи ҷавониашон на сарфи ободии Меҳан, балки куштори мардуми бегуноҳ ва харобкорӣ сарф мегардад.

 Ҳамидова Назарбӣ – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg