БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нонгадо бошу Ватангадо не!

ВОКУНИШ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ватандӯстӣ асил тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри хомӯш намудани ҷангӣ хонумонсӯз равона карда, муваффақ бар он шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат оромию суботро пойдор сохта, садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан бозпас овард.

Пас аз истиқрори сулҳ ба ҳизби наҳзат барои фаъолияти озоди сиёсӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шуд.

Аммо гузашти вақт ва равиши зиндагӣ ба тадриҷ ниятҳою аъмоли нопоки пасипардагии онҳоро ошкор сохт. Аксарияти пешвоёни ин ҳизби террористӣ тавонистанд, ки бо маблағгузории хоҷагони ошкоршудаашон ашки модаронро резонанду зану фарзандони мардумро дар хориҷи кишвар сарсону саргардон намоянд.

Кабирӣ ва пайравонаш баъди табаддуллоти бебарор бо сарварии аъзои ҳизбашон Ҳоҷӣ Ҳалим обрӯи худро дар Ватан аз даст дод.

Ҳодисаҳои ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рӯй додаро тамоми мардуми Тоҷикистон маҳкум кард ва ман ҳам ҳамчун шаҳрвандӣ ин Ватан онро маҳкум карда бори дигар ба падару модарон муроҷиат намуда даъват менамоям, ки ҳамеша аз фарзандону наздикони худ бохабар бошанд.

Халқ ҳикмате дорад “Нонгадо бошу – Ватангадо не” Кабирӣ ва пайравони ӯ ҳарчанд ҳар рӯз аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон се вақт зиёфатҳои бодабдаба мехӯранд, вале чун ин ватанфурушон ватан надоранд, ҳеҷ қурбе дар ҷое надоранд.

Н. М. ЗУБАЙДОВ - узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси Вакилони халқи ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg