БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рӯз то рӯз нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида истодааст

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зафар» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди иштирокдорон баромад намуда, оид ба  моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту гурӯҳҳои террористию ифротӣ ҳамчунин, оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 27-29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, суҳбат оростанд.

Қайд гардид, ки бо баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, рӯз то рӯз нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg