ПАНҶ. Ҳадаф аз эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар навбати аввал тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шоиста имкониятҳои сайёҳии мамлакат, эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ва бо ин васила муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён мебошад.
Пайдоиши сайёҳӣ дар дунё аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омадааст ва барои пешрафти ҷомеа аҳамияти хосае дорад. Он барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, шинохти фарҳангу миллату халқиятҳои гуногун ва умуман тафаккури инсон аҳамияти махсусро касб намудааст.
Дар баробари ин ҳамчунин эҳё ва густариш бахшидани анъана ва урфу одатҳои аҷдодӣ, дар рушду нумӯи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа моҳияту аҳамияти бузург дорад.
Вобаста ба ин Кумитаи иҷроияи ноҳия тасмим гирифт, ки бо сокинони маҳаллаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов вохӯрӣ баргузор намояд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон оғоз намуда, қайд кард, ки диёри мо бо кӯлу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш ҷолиби диданӣ мебошад. Бо рушд ёфтани соҳаи сайёҳии мамлакат ин ҳама зебоӣ дар муддати начадон тӯлонӣ Тоҷикистонро метавонад ба макони сайёҳони хориҷӣ табдил диҳад. Илова бар ин боиси сарфарозист, ки аз қадим ҳунармандони тоҷик бо ҳунари худ машҳур буда, то имрӯз ин ҳунарҳо аз насл ба насл гузашта, имрӯз муаррифгари халқи тоҷик шудаанд.
Ҳамзамон, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ ва ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ, ҳавасмандгардонии онҳо барои рӯ овардан ба асолати миллӣ ва дар ин замина бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ саҳми назаррас гузоранд.