БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор…

ВОСЕЪ. Чорабинии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи дурдасти Эмомтаърифӣ (собиқ Учқун) ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо сокинони деҳа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад.

Ҳамзамон, Гулрухсор Мирзоева иброз намуд, ки ҳунар ганчинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сири ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки ҳунар омӯзем ва дар зиндагӣ хор нашавем. Иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат низ ана ҳамин мақсадро дорад, то ки мардуми тоҷик зиндагии шоиста дошта бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg