ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Октябр» -и ҷамоати шаҳраки Киров доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматов Азизулло иштирок ва суханронӣ карда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ХХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Кувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ, сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст.
Инчунин, қайд намуд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.