БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳангу забон рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Абдуллоева Саёҳат,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Солиҳов Маҳмадрасул ва мудири шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон ва наврасони назди беморхонаи марказии ноҳия суханронӣ намуда, дар қисми сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ва ҳунармандони деҳаи Фурқат ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳамагон аз дидани намоишгоҳ ба худ як ҷаҳон таасуроти неки маънавӣ бардоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg