БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ вазифаи муҳими мост!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Кӯдакистони №1» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир  гардид.

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор кушода,  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, огоҳонидани сокинон аз хавфу хатарҳои  терроризму экстремизм, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи  дурусти насли наврас  дар роҳи ватандӯстиву  худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ  суханронӣ намуданд.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидои  болозикр Хоҷаалоева Ғарибмо андешарониҳои масъулинро якдилона ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки мо масъулон вазифадорем дар таълиму тарбияи насли наврас бо дасту дилу нияти пок  масъулиятамонро дучанд намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg