БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тозагии об кафолати солимии аҳли ҷомеа аст!

А.ҶОМӢ. Бо мақсади таъмини иҷрои босифати ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Об рушноӣ»- назди Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ашӯров Сунатулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Самадзода Саёҳат бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, хониши сиёсиро вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

Инчунин дар ин раванд масъулин доир ба озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал” ва “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”-ро тарғибу ташвиқ карда, онҳоро барои иштирокд ва роҳандозӣ ва тарғибу ташвиқи озмунҳои ҳизбӣ дар байни сокинон раҳнамоӣ намуданд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg