ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода баргузор карда шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидзода гузориш дод, ки аз рӯи таҳлили маълумотҳо имрӯзҳо масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубаддал гаштааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон намудани алоқаи байни ҳамдигари иинсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.
Тамоюли вусъатёбии мубодилаи беҳаду марзи иттилоотӣ, рушди интернет, коркарду пахши барномаю ахбор ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компютерӣ, чуноне, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст фосилаи фазою вақт ва макону замонро кутоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад.