ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Ҷомбахти ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки мудири кормандони масъули ҳизбӣ Сафаралӣ Алиев ва Шаҳбоз Набиев вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро Сафаралӣ Алиев оғоз карда, доир ба сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари терроризм ба ҷаҳони муосир, риояи урфу одатҳои миллӣ, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, риояи қонунҳо, ташаккули фарҳанги техникӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумот дод.
Сокинони деҳа Б.Ташрифов, С.Раҷабов, Ш.Шоимардова дар баромадашон фаъолияти хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ ва амалҳои террористии аз тарафи онҳо содиркардашударо маҳкум намуданд.