БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони хушзавқ бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд

ҲАМАДОНӢ. Дар маҳаллаи ба номи  Абӯалӣ ибни  Синои ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии маҳаллаи номбурда, ки сокинон маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузошта буданд,  дидан намуданд.

Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли тақвияти робита бо маҳал ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ намуда,  ба чор нафар ҳунармандони маҳалла  Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg