БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони хушзавқ ва деҳқонони асил ба озмунҳои ҳизбӣ даъват карда шуданд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Ҷайралии ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо сокинон баргузор гардид. Дар рафти   вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсаид Раҷабзода ва вакили  маҳалла Розиев Астонақул иштирок дошта,  доир ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд, ки масъулин  аз ҳунару маҳорати волои онҳо дидан карданд.

Зимни  боздид аз намоишгоҳ Маҳмадсаид Раҷабзода  ҳунармандону кишоварзони асилро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ, ки дар охири сол ҷамъбаст мегардад таъват намуда, мавсуф  онҳоро таъкид намуд, кибарои иштирок дар озмунҳо бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ омодагӣ бинанд. 

Дар идомаи вохӯрӣ бо мақсади равнақ бахшидани корҳои сиёсиву таблиғотӣ ва ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  таъсис дода  шуда раиси он Ризоев Астанақул интихоб гардид.  

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg