БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар равона шудааст

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҶДМ Холдинги Исмоили Сомонӣ”  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев  дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба ҳадафҳои Оиномавӣ ва Барномавӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи ватандӯстию хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию  ахлоқӣ, сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, бори дигар мардумро аз амалҳои зишту нангин ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ хабардор кард.

Дар охир  ҳамаи иштирокдорон аз баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳори  қаноатмандӣ  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg