БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои асосии мост!

КУШОНИЁН. Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунавара бо мардуми  ҳунарманди  деҳаи  ба номи Лоиқ Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол вохӯрӣ баргузор намуд.

Нахуст  Сатторова Мунаввара  ва дигар  шахсони даъватӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ки барзгарони деҳаи  номбурда  бо арақи ҷабин ба даст овардаанд, ба намоиш гузошта буданд, дидан карда, қайд намуданд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани маҳсулоти кишоварзӣ, боғу токзор, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тару тоза,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мо дар ин самт диққати махсусро равона намудаем.

Дар баробари андешаронӣ  Сатторова Мунаввара атрофи огоҳонидани сокинон аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, паёмадҳои ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату матонат ва ҳифзи марзу буми кишвар андешаронӣ карда,  ҳунармандону кишоварзони беҳтаринро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват кард. a

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg