БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз иқдомҳои ҳизбиён хушнуданд

ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо гурӯҳи  таблиғотӣ доир ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо ҷалби духтарон ба таҳсил ва касбомӯзӣ, инчунин пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён М.Шарифзода ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки аз   ҷониби раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, таъин намудани занон дар вазифаҳои гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро  ба худ ҷалб намуда,   боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз онҳо  гардида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg