БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият беҳтарин дастовард барои занони ҳунарманд аст

ЁВОН. Дар воқеъ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як зан, модари тоҷик имкон дод, ки бори дигар ҳунарҳои ҳазорсолаи хешро эҳдо кунанду бо ин васила фарҳангу асолати хешро маҳз тавассути фарзандони ҳунарманди хеш бунёд созанд.

Бо ин мақсад тибқи ҷадвали мазкур дар деҳаи Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.

Мардуми деҳа ва хурду калони он аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима аз баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи маҳал хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg