БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз андоз озод кардани ҳунармандон сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат аст

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ленин»-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур занону гулдухтарони ҳунарманди деҳа ҳунарҳои дастии худ, аз қабили гулдӯзӣ, қурокдӯзӣ, ҷӯроббофиро   ба намоиш  гузоштанд.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Мардонова Сайёра  аз ҳунарҳои занону гулдухтарони ҳунарманд дидан намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардаанд, ки ин яке аз икдомҳои хирадмандонаи Сарвари кишварамон мебошад. Дар ин баробар Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳар як нафаре, ки дар муҳити хона ба ҳунару ҳунармандӣ машғул мегардад, аз пардохт намудани андоз озод карда шавад, ки ин нишонаи сиёсати ғамхоронаи роҳбарияти давлат нисбати ашхоси ҳунарманд мебошад.

Дар охир масъулин ба ҳунарҳои омоданамудаи занону бонувон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки  ҳунарҳои дастии худро ба фурӯш бароварда,  зиндагии худро хуб намуда пеш баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg