БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ташаббусҳои Тоҷикистон дар тамоми сайёра татбиқ мегардад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи шаҳр” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аз ҷумла раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида иштирок намуданд.

Зимнан  Наҷидуллоев Тавакал оид ба  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028” ва дар бораи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” андешаронӣ  намуда,  қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз минбари олӣ бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшиданд. Инак, татбиқи ташаббуси дигари Тоҷикистон дар тамоми сайёра оғоз гардида бомаром идома дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg