БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сатҳи маънавиёти мардум аз рушди фаъолияти таблиғотӣ вобаста аст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагиҳои деҳқонӣ- фермерӣ» -и ҷамоати деҳоти Каленин ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гарид.

Дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар иштирок дошта, дар назди иштирокдорон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва аҳамияти шарикии стратегӣ бо ин кишвар, моҳияти сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар мулоқоташон ба роҳбарону фаъолони вилоят ибрози андеша намуда буданд, суҳбат оростанд.

Ҳамчунин, оид ба истифодаи дурусту самараноки заминҳои киштшаванда, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи ватандӯстию хештаншносӣ, илмомӯзӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg