БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст...

КУШОНИЁН. Вохӯрӣи навбатии  раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара тибқи ҷадвали баргузории   вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳалла ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо фаъолон, аъо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  баргузор гардид.

Дар он  муовини раиси ноҳия Шукрулозода Дилафрӯз иштирок ва андешаронӣ намуда, афзуд, ки  таҳкими манфиатҳои миллӣ, амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва ҳамзамон аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ба хотири рушду нумӯъ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон мебошад.

Инчунин, дар идома Сатторова Мунаввара  қайд кард, ки барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар  маҳал   ва шинос кардани раисони маҳаллаҳо  ба нақшаи кории  ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён ва дар ин замина дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сафарбар кардани сокинон ба хоҷагидорию соҳибкорӣ, аз ин ҳисоб баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии  мардум ва паст кардани шиддати бекорӣ, анҷоми корҳои  созандагиву ободонии деҳаҳо, хиёбонҳо, тоза кардани ҷӯйборҳои назди хонаҳо аз партовҳо,  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба хотири ҳимояи Ватан ва дӯстдоштани он, ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани даромади миллӣ  мебошад.

Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg