БОХТАР. Дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Борхтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Забони модарии мо рукни муҳимми давлатдориамон аст!» доир гардид.
Дар он зиёда аз 700 маводҳои таблиғотӣ ба ҷавонону омӯзгорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дастрас карда шуд. Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба онҳо фаҳмонида шуд, ки миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳанг то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва бо воситаи забон шинохта шудаанд.
Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.