БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ барои тацвияти донишҳои сиёсии ҳизбиён мусоидат намуд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулистон»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид ва вакилони Маҷлиси вакилони халқии ноҳия  иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, огоҳонидани аҳолӣ аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани сокинон дар роҳи мубориза бо онҳо, ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани онҳо бо шуғл андешаронӣ намуданд.

Инчунин дар ин раванд Маҳмадсаид Абдулҳаев дар назди иштирокдорон  озмунҳои  ҳизбӣ ва Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз онҳо даъват аб амал овард, ки  масъалаҳои болозикрро дар байни сокинон  тарғибу ташвиқ намоянд, то ин ки  шаҳрвандон моҳияти ҳадафҳои  созандаи ҳизбиро хуб дарк намуда, барои  пешрафту  ободии Ватан ва рӯзгори  осудаашон саҳми арзанда гузоранд ва  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумиро бо дастовардҳои дилхоҳ ҷамъбаст кунанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg