ВОКУНИШ. Ман ҳайронам, ки, як гуруҳи 5-нафара чи гуна метавонад, ки миллатро зери як паймони кӯчак, он ҳам маромаш номукаммалу норавшан ба ҷуз хиёнат ба халку миллат дигар кореро то имрӯз пеша накардаанд, дар хориҷа муаррифӣ мекунад.
Агар хоинони фурӯхташуда маъниии калимаҳои «паймону миллат»-ро медонистанд, аввал ин ки хиёнаткор намешуданд.
Ҳама медонем, ки як нафар миллат намешавад. Миллат вожаи мукаммалу хеле олист, ки то имрӯз ин хоинон ба дарки он сарфаҳм нарафтаанд.
Хайр майлатон, шумо хоинон-Кабирию, Шерзамону Шарофиддину якчанд тирмизаки асолатбохтаи дигар «Паймони миллӣ» таъсис додед? Хуб, рисолататонро назди миллат, хизмататонро назди аҳоли Тоҷикистон муфассал мегуфтед? То ҷое огоҳем, ба ҷуз девонавор сухан рондан назди камераҳое, ки шояд пушти онҳо ду-се нафар аҳли «паймон» нишаставу раҳнамунатон месозанд, дигар манфиате на ба худатон асту на ба дигарон. Розу ормонҳои дилатонро камераҳои хомӯшу хонаву дари иҷораатон мешунаваду халос. Бо он муштгардонию мизфишорӣ панҷакашию рӯйтуршкунӣ касе шуморо қабул ҳам намедораду аз пуштатон намераванд.
Як «паймон» не, агар ҳазор созмону «паймон» таъсис диҳед ҳам, гӯши мо фарёди шумо хоинонро намешунавад. Таъсиси ҳизбу ҷунбишҳо барои шумо чун ивазсозии ҷуробу либоси тагпӯш шудааст, ки дар ҳар лаҳза ба хотири манфиатҳои ғосибонаву дуздонаатон ба майдон меоред.
«Паймони миллӣ» чун дигар ҷунбишу ҳаракатҳои таъсисдодаатон ниятҳои нопоки дар хок рафта аст, ки инро нағз медонед. Марг ба шумо наҳзатиёни лаънатии хоин!
Мирзомадзода Аскар-узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин