БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод тафриқаҳои нопоки душманони миллат!

ВОКУНИШ. Рӯзҳои охир, шӯру валвала ва тафриқаҳои нопоки Муҳиддин Кабирӣ ва саркардаҳояш ба монанди Муҳаммади Одинабек, Темур Варқӣ ва гурӯҳҳои ифротии дигар бо номи Гурӯҳи 24 ва Озодандешон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад. Ин хиёнаткорони ифротӣ ва аз ҷониби мардуми тоҷик лаънатгашта, то ба ҳадде гирифтори ҳасуду кина, дурӯғ ва нотавонбин шудаанд, ки ба дилхоҳ дастоварду пешравиҳои Тоҷикистон рашку таассубашон зиёдтар мегардад. Мо хуб огаҳем, шумо мардони аҷнабисурат кишвареро, ки нав истиқлолияташро ба даст оварда, хост роҳи давлатсозиро дар замони муосир пеша кунад, бо дассисаву маблағи ғаразноки хоҷагони хориҷиатон ба коми оташ кашида ва бародарро ташнаи хуни бародар гардонида будед. Дар натиҷаи ҳамбастагии азму иродаи халқ бо роҳбарии Сарвари воқеъбину дурандеш мардуми гуреза ва ноумедро ба ҳам оварда, кинаро аз дилҳо дур кард, оромию субот ва пешрафти кишварро таъмин намуд.

Чун ҳоло ҳам шумо «ғамхорони миллат» шукуфоӣ, озодӣ, созандагию бунёдкории мардуми Тоҷикистони азизро бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо чашми сар надидаед ва агар дида бошед сафедро сиёҳ гуфтан азимтарин гуноҳи инсонист, ки аз кӯрдилӣ, бадандешӣ ва гумроҳии шумо  бадбахтон  башорат медиҳад.

Мардуми сарафрози тоҷик ҳеҷ вақт намехоҳад, ки  дигар он рӯзҳои сахт дубора ба сари миллат баргардад. Чун мақоли халқии мардуми мо «Кӯр асояшро як бор гум мекунад», мо ҳама он дассисаву найрангҳои иблисонаи Шуморо кайҳо маҳкум намуда, ҷонибдори ягон андешаи шумо нестем. Чунки бо иродаи халқ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳизби бадномгаштаи М. Кабирро   ташкилоти террористӣ дониста  фаъолияташро қатъ намуд.

Илова бар ин, сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016, дар мувофиқа бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ин ҳизбро ба гурӯҳӣ ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Бояд тазаккур дод, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмини сулҳу субот дар мамлакат мақоми қонунӣ дода шуда буд. Ҳоло шукри Худованд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат дар сар то сари кишвар сулҳу оромии  ва ваҳдату якдилӣ бараъло мушоҳида мешавад. Дар чунин шароит мардум ба як исломи созанда, яъне исломе, ки мардумро сарҷамъ намояд  ва  фарҳанги  волои ахлоқию маънавиро  дар вуҷуди инсонҳо тарбия созад, ниёз дорад на  ба исломе, ки сиёсат ва авзои ороми давлату минтақаро халалдор намояд.

Мо ҳама заҳмату талош, раҳнамоиву роҳбарӣ ва ояндаандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  қадр намуда, то лаҳзае, ки ҷон дар бадан дорем, баҳри Тоҷикистони маҳбубамон ба мисли Пешвои маҳбуби миллат барои пойдории ин Ватан ва сулҳу суботи он талош меварзем.

Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, бо Сарвари эҳёгару ободкораш Эмомалӣ Раҳмон!

 

Ҳасанов Имомназир- узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg