БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар синаҳои кӯҳсор чун шир оби чашмасор...

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Ҳавза атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизб, баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Вохӯриро мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Қурбонова Малоҳат кушода доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд.

Баъдан раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон дар бораи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал   суханронӣ намуда, афзуд, ки ниёгони мо сайру сайёҳатро василаи рушди тиҷорат, илму фарҳанг, зиёрату гирифтани дарси ибрат медонистанд. Асарҳои онҳо дар ин маврид хонандаро ба мӯъҷизаҳои табиат, кӯҳу дарё ва аҷоиботи олам ошно намуданду менамоянд.

Дар вохӯрӣ вакили деҳаи болозикр Шарифов Сафаралӣ ба сухан баромада, оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми сокинон дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  тасмим гирифтанд, ки аз 100 метр роҳи болои деҳа хати оби нӯшокӣ бо тариқи ҷӯйбор ба деҳа оранд.

 

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg