БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри беҳбудии зиндагии мардум

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳо бо иштироки  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъминоти  бехатарии озуқаворӣ- Байторӣ» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он масъулин  доир ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии  воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ, бештар дар байни мардум бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҷалби  шахсони фаъоли ҷомеа оид ба огоҳонидани онҳо аз хавфу хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, андешаронӣ карданд.

Масъулин инчунин, оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати боз ҳам рушду тараққиёти  Ватани азизамон гуфтугӯ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg