БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавононро дар рӯҳияи омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ тарбия менамоем!

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Борбади Марвазии ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии маҳал ва қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби фаъолони маҳалла бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода доир гардонида шуд. Чорабинии мазкурро кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидзода бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони маҳаллаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонд.

Дар рафти суханронӣ аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдовар гардида, дар рафти суханҳои пурмуҳтавояшон қайд намуд, ки –татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омода намудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик ва ихтироот маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg