БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз фаъолияти душманонаи ТЭТ ҲНИ огоҳанд Сокинон аз фаъолияти душманонаи ТЭТ ҲНИ огоҳанд

ХОВАЛИНГ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамуда оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбатҳо дар ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи шаҳрдорӣ” бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонон С.Алиев ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш.Набиев оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар назди ҳозирин С.Алиев баромад намуда, ҳозиринро бо муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дастуру ҳидоятҳои аз Паём бароянда, истифодаи самараноки нерӯи барқ, хатари ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, коррупсия, риояи қонунҳои миллӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мисолҳо шинос намуд.

С. Алиев дар баромадаш аз  амали террористии  дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омада ёдрас гардида, ҳозиринро ба фаъолияти душманонаи ТТЭ ҲНИ шинос намуда,  қайд кард, ки амали террористии номбурда бо дастури бевоситаи хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ба иҷро расонида шудааст. Ӯ аъзои ҲХДТ-ро дар мубориза бар зидди террористону ифротгароён ба ҳамкорӣ ба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват кард.

С. Алиев дар бораи моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сухан ронда,  аъзои ҲХДТ-ро даъват намуд, ки оид ба фаҳмондани самти мазкур дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

 Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ёраҳмад Шарипов аз номи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ амалҳои террористии аз тарафи ТТЭ ҲНИ сарзадаро  маҳкум карда, барои чунин як суҳбати бениҳоят пурмӯҳтаво ба масъулин  изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg