ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорода дар деҳаи Кодара 2 -и Ҷамоати деҳоти Панҷрeд чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорода аз ҳунарҳои мардумии ҳунармандони деҳаи Кодара 2 аз наздик шинос шуда бо ҳунармандон суҳбат намуд.
Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дар бораи аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа суханронӣ кард.
Бо фаъолон, ҳунармандони хушсалиқа, созмондиҳандагони ин чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро супорид.
Дар охир кормандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия ба ҷамъомадагон барномаи консерти пешниҳод намуданд.