БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ...

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар асоси ҷадвали тасдиқшуда  дар деҳаи Панҷи ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, ёдовар  шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Паёми худ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Соҳаи сайёҳӣ  яке аз  соҳаҳои  муҳими  бо шуғл фаро  гирифтани  аҳолии қобили меҳнат ва баланд  бардоштани  сатҳи зиндагии мардум ба шумор меравад.

Ҳунармандони деҳа ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд ва Қурбонов Сафар роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Қурбон»  марди ҳунарманд , ки бо ҳунари худ қисми деҳаро бо танурҳои нонпазӣ  таъмин мекунад, тарзи сохтани онро ба мардуми деҳа нишон медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg