БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарфароз!

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Темурмалик ва ҷиҳати ҳарчи бештар вусъат бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо маҳал дар деҳаи Баҳманруди  ҷамоати деҳоти Танобчӣ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинон баргузор гардид.

Бо вуҷуди дар кӯҳпораи баланд мавқеъ будани деҳаи номбурда хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардида, бозгӯи фаъолнокии мардуми деҳотро собит сохт .

Нахуст  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар  бораи самтҳои    афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард. 

Дар чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ раиси ноҳияи Темурмалик  Аслзода Эмомиддин Муҳридин иштирок дошта, ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ва дастовардҳои кишоварзони маҳал, ки воқеан ҳам дар сатҳи баланд  роҳандозӣ карда шуданд, баҳои баланд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg