БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони маҳал дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳмгузоранд

ПАНҶ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Авангарди ҷамоати ҷамоати деҳоти Озодагон бо ҷалби занони маҳал,  аъзоёни ташкилоти ибтидоии Авангард чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ   роҳандозӣ гардид.

Нахуст, меҳмононро наврасон бо шеърхонӣ дар васфи ваҳдат, истиқлолият ва Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ- Пешвои миллат  пазируфтанд. Баъдан меҳмонон аз намоиши дастранҷ ва истеъдоди ҳунармандони маҳал дидан намуда,  ба ҳунару заҳмати онҳо баҳои баланд доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон дар баромадаш доир ба моҳияти эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ  нақши басо муҳим мегузорад.

Ҳамзамон дар ин вохурӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан рафта қайд гардид, ки хатарҳои  ҷаҳони имрӯза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои хатарноктарини ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд, қайд намуда, даъват ба амал овард, ки  мубориза  алайҳи ин омилҳо муборизаи дастаҷаъмона мебошад. Дар ин росто зимни баромадҳо аз ҷавонони маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки  ба ин омилҳои номатлуби замони муосир муқовимати сахт нишон дода, худро аз ин хатарҳо ҳифз намоянд.

Дар идома фаъолони маҳал Ҷомиев Назриддин ва раиси маҳалла Ҳаратқулов Сафармат баромад намуда, баргузории чунин  чорабиниҳоро аз ҷихати сиёсӣ баҳогузорӣ намуданд ва иброз доштанд, ки бо ин васила дӯстии байни миллатҳое, ки сокини ин маҳал мебошанд бештар мешавад.

Дар фароварди ҷамъомад ба якчанд нафар сокинони маҳалл дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg