БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ оинаи пурҷилои миллати тоҷик мебошад

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки сокинон баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми суҳбат гуфта шуд, ки миллати тоҷик  чи ҳунарҳои зебо дорад, ки ҳар кадоми он маъно ва  достонҳое худро дорад. Ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманде надошта бошад ва сайёҳе аз он лаззати маънавӣ набарад. Ба ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбу кору хонагӣ таваҷҷуҳ бояд кард, ки дар маҷмӯъ тамоми мероси фарҳангии мардуми мо, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ оинаи бозгӯяндаи миллати тоҷик мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ин боиси ифтихори ҳамаи ҳунармандон ва мардуми сарбаланди тоҷик мебошад.

Дар охир аз ҷониби ҳунармадони деҳа чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg