БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи дуруст аз хона ва боғчаи бачагона оғоз меёбад

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи кормандони масъули ҳизб дар байни мураббиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи №2» хониши сиёсӣ доир гардид.

Кормандони масъули ҳизб дар байни мараббиёни боғчаи мазкур маърӯзаи ҳизбӣ намуда, таъкид карданд, ки тарбияи дурусти насли наврас  баҳри пешбурди ҷомеа маҳз аз ҳамин боғча сурат мегирад. Инчунин, дар қисмати дуюми чорабинӣ аз асарҳои ба маърази намоишгузоштаи насли наврас боздид ба амал оварда шуд.

Маълум гардид, ки дар боғча низ кӯдакони хурдсол эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар якҷоягӣ бо мураббиёни худ дарк намуда, ба сохтану тасвири мусаввара ва дӯзандагиву армуғонсозӣ машғул гардидаанд. Роҳбарияти боғчаи иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ дарк намуда, дар амал самт талош доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg